Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзил оғоз гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзил оғоз гардид

Дар Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзил оғоз гардид

Нашр шуд

Маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон имрӯз, 1 октябр, оғоз ёфт ва то 15 октябр идома хоҳад кард. 

Ҳамин тариқ, ҳангоми боздид аз хонаҳо, кормандони агентии омор тавассути интернет, планшетҳои махсус ва тариқи коғазӣ барӯйхат мегиранд. Инчунин ба нақша гирифта шудааст, ки маълумоти зарурӣ тавассути Интернет ба даст оварда шавад.

Барои гузаронидани пурсиш дар деҳоти Тоҷикистон, ки 70% шумораи умумии аҳолӣ дар он зиндагӣ мекунанд, тавассути коғазӣ мегузарад. 

Аз моҳи декабри соли 2020 то августи 2021, ҳамаи маълумоти гирифташуда коркард шуда ҳамчун ҳисоботи пурра ва сабти маълумот дар моҳи сентябри соли 2021 эълон карда мешаванд. 

Пештар хабар дода шуда буд, ки фаъолон, волонтёрҳо, донишҷӯён, тақрибан 30 ҳазор нафар дар барӯйхатгирии аҳолӣ мисли пештара кӯмак мерасонанд. Барӯйхатгирӣ на танҳо барои ёфтани маълумот дар бораи шумора ва ҳайати оила, балки дар бораи шароити иҷтимоии шаҳрванд кӯмак хоҳад кард. 

Охирин барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон соли 2010 баргузор шуда буд. То оғози тирамоҳи соли 2010, дар кишвар 7 миллиону 565 ҳазор нафар зиндагӣ мекард, ки ин рақам ба 1 миллиону 438 ҳазор нафар зиёд нисбат ба соли 2000 мебошад. Тибқи омори расмӣ, дар аввали моҳи июли соли равон аҳолии кишвар беш аз 9 миллиону 391,7 ҳазор нафарро ташкил медод.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед