Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон беш аз 765 ҳазор нафақагир ба сар мебарад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон беш аз 765 ҳазор нафақагир ба сар мебарад
Акс: tajsohtmon.tj

Дар Тоҷикистон беш аз 765 ҳазор нафақагир ба сар мебарад

Нашр шуд

Дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ахиран муҳокимаи парлумонӣ дар робита ба иҷрои Қонуни таъмини нафақаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қонуни нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ, зиёдшавии андозаи нафақаи заминавӣ ва дигар нафақаҳои амалкунанда баргузор гардид. Дар ин бора дафтари матбуотии парлумони Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин нишаст таъкид шуд, ки қонунгузории Тоҷикистон ҳимояи иҷтимоии нафақахӯронро бо роҳи муқаррар намудани нафақаҳои  меҳнатӣ аз рӯйи синну сол, маъюбӣ, барои маҳрум шудан аз саробон, барои хидмати дарозмуддат ва нафақаҳои иҷтимоӣ барои ҳадди ақали зиндагӣ, инчунин мунтазам бозбинии андозаҳои онҳо бинобар каму зиёд шудани андозаи сабади истеъмолиро кафолат додааст.

Ин манбаъ навиштааст, ки тибқи маълумоти Ожонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон то 1 апрели соли 2023 шумораи нафақагирон дар ин кишвар 765 ҳазору 378 нафар аст.

Гуфта мешавад, ки талаботи моҳонаи пардохт ба нафақа дар Тоҷикистон 256,3 милюн сомониро ташкил дода, ин маблағ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,7 милюн сомонӣ ё 1,9 дарсад афзоиш ёфтааст.

Зикр мешавад, ки ба ҳолати 1 апрели соли 2023 аз шумораи умумии нафақагирон дар Тоҷикистон гирандагони нафақаҳои меҳнатӣ 317 ҳазору 347 нафар, нафақаҳои суғуртавӣ 259 ҳазору 578 нафар ва нафақаҳои иҷтимоӣ 188 ҳазору 453 нафарро ташкил медиҳанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед