Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон интиқоли бор ва мусофирон афзудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон интиқоли бор ва мусофирон афзудааст
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Тоҷикистон интиқоли бор ва мусофирон афзудааст

Нашр шуд

Дар се моҳи соли равон дар Тоҷикистон интиқоли бор ва мусофирон тавассути ҳамаи намуди таробарӣ (нақлиёт) мутаносибан 12,1% ва 6,7% зиёд шуд.

Зимни ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати таробарӣ (нақлиёт)-и Тоҷикистон аз фаъолияти соҳа дар семоҳаи аввали соли равон натиҷагирӣ шуд.

Тибқи иттилоъи ин ниҳод, дар се моҳи аввали соли равон тавассути ҳамаи намудҳои таробарӣ дар Тоҷикистон 26,2 милён тон бор ва 232,9 милён мусофир интиқол дода шудааст. Гуфта мешавад, ки дар муқоиса бо соли гузашта дар Тоҷикистон ҳаҷми боркашонӣ 12,1% ва  мусофирбарӣ 6,7 дарсад афзоиш ёфтааст.

Зикр карда шуд, ки худравҳо дар бозори хидматрасониҳои таробарӣ дар Тоҷикистон нақши муҳим доранд, зеро  интиқоли беш аз 93,4 дарсади бор ва 99,8%-и мусофирон маҳз тавассути василаи нақлияи автомобилӣ сурат гирифтааст.

Аз сӯйи дигар дар ҷаласа таъкид шуд, ки дар интиқоли байнулмилалӣ 81,9%-и ҳаҷми интиқоли бор ва 35,1%-и интиқоли мусофирон (2,19 ҳазор мусофир) ба таробарии автомобилӣ рост меояд.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ҳиссаи интиқолдиҳандагони Тоҷикистон дар ҳамлунақли байнулмилалӣ ба 56,6% расид, ки нисбат ба соли гузашта 8,9% кам аст.

Дар ҳамин ҳол ба иттилоъи Вазорати таробарии Тоҷикистон дар соли равон бояд 5 лоиҳа ба маблағи 585 милён долар ба истифода дода шавад, ки 278 км роҳҳои дорои аҳамияти байнулмилалӣ ва дохилиро дарбар мегиранд.

Дар ин замина зикр мешавад, ки соли ҷорӣ роҳҳои мошингарди «Роғун – Оби гарм – Нуробод» – 76 км, «Бохтар – Леваканд – Лолазор – Данғара» – 69 км, «Қалъаихум – Ванҷ –  сарҳади ноҳияи Рӯшон» – 93 км,  роҳ то маркази ноҳияи Ванҷ – 18 км ва роҳи мошингард то маркази шаҳри Роғун – 11 км бояд ба баҳрабардорӣ бирасад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед