Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон корхонаи азими тавлиди дору ва маҳсулоти тиббӣ бунёд мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон корхонаи азими тавлиди дору ва маҳсулоти тиббӣ бунёд мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Тоҷикистон корхонаи азими тавлиди дору ва маҳсулоти тиббӣ бунёд мешавад

Нашр шуд

Ширкати «Разес Фарма» нақш дорад дар Тоҷикистон бо сармоягузории 70 милён сомонӣ корхонаи бузурги истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ бунёд кунад.
 
Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 1-уми май созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати ин кишвар ва ширкати «Разес Фарма» дар заминаи бунёди як коргоҳи азими дорусозиро тасвиб кард. Дар ин бора нашрияи парлумонии “Садои мардум” хабар дод.
 
Хуршедаи Қодир, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон дар ҷаласаи парлумон гуфт, ки ширкати «Разес Фарма» бо ҷалби сармояи хориҷӣ таҷҳизоти истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббии ҳозиразамонро ворид сохта, талаботи кишварро ба маводи доруворӣ, аз ҷумла доруҳо дар шакли ҳаб, капсула, шарбат, маҳлулҳои даҳонӣ, малҳам ва сӯзандору дар ҳаҷми муайян таъмин хоҳад кард.
 
Ба гуфтаи вай, дар ҳолати пурра ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз кардани корхонаи «Разес Фарма» талаботи Тоҷикистон ба намудҳои гуногуни дору ва молҳои тиббӣ таъмин шуда, воридоти ин намуди маҳсулот коҳиш хоҳад ёфт.
 
Дар ин замина зикр шуд, ки тибқи лоиҳа барои сохтмонсозӣ ва ба истифода додани маҷмааи корхонаҳои истеҳсолӣ беш аз 70 милён сомонӣ сармоягузорӣ мешавад. Ҳамзамон дар корхонаи мазкур зиёда аз 200 ҷойи корӣ фароҳам мешавад.
 
Тибқи иттилохи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, соли 2023 дар ин кишвар 61 корхона 571 намуд доруворӣ ва молҳои тиббӣ тавлид кардаанд.
 
Ин ниҳод дар идома иттилоъ медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар Тоҷикистон соли 2023 зиёда аз 95 милён ададро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 5 милён адад зиёд мебошад.
 
Бо ин вуҷуд бояд гуфт, ки дар айни замон Тоҷикистон беш аз 90 дарсади маводи доруворӣ ва молҳои тибии мавриди ниёзи худро аз кишварҳои хориҷӣ ворид мекунад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед