Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳории ҷавонписарон барои хидмати сарбозӣ 50% иҷро шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳории ҷавонписарон барои хидмати сарбозӣ 50% иҷро шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳории ҷавонписарон барои хидмати сарбозӣ 50% иҷро шуд

Нашр шуд

Вазорати дифоъи Тоҷикистон эълон кард, ки бо гузашти даҳ рӯз аз оғози маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нақшаи даъват 50 дарсад иҷро шуд.

Аз рӯзи 1-уми апрел дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон даъвати навбатии ҷавонписарон ба сафи Неруҳои мусаллаҳ  муташаккилона идома дорад.

Тибқи иттилоъи ин ниҳод, бо оғоз гардидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар Тоҷикистон  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш дод.

Ҳамчунин ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод низ дар рӯзҳои нахустини ин маърака нақшаи пешбинишудаи гусели ҷавонписарони синни даъватӣ ба сафи артишро сад дарсад ба анҷом расониданд. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ дар давоми даҳ рӯзи аввали нақшаи даъвати баҳорӣ дар айни ҳол ба 55 дарсад баробар аст.

Дар идома зикр мешавад, ки дар вилояти Хатлон дар рӯзи аввали даъвати шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон, Муминобод ва ноҳияи Носири Хусрав аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш доданд.

Дар умум дар вилояти Хатлон дар айни замон иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ ба  62 дарсад расидааст.

Дар баробари ин тибқи иттилоъи Вазорати дифоъи Тоҷикистон давоми даҳ рӯзи аввали даъвати баҳорӣ ба сафи артиш нақшаи муқарраргардида дар вилояти  Суғд 36% ва дар шаҳри Душанбе 30%  таъмин шуд.

Дар фарҷом зикр мегардад, ки дар умум  аз 1 то 10-уми апрели соли ҷорӣ иҷрои нақша дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 50 дарсадро ташкил дода, наздики 20 шаҳру ноҳияи кишвар аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед