Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Узбекистон баргузор мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Узбекистон баргузор мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Узбекистон баргузор мешавад

Нашр шуд

Дар Душанбе асри имрӯз маросими оғози Рӯзҳои синамои Узбекистон баргузор шуда, давоми панҷ рӯз филмҳои узбекӣ дар Душанбе, Ҳисор, Варзоб ва Ваҳдат ба намоиш гузошта мешавад.

Дар ҳошияи сафари давлатии Шавкат Мирзиёев, кишвардори Узбекистон ба  Тоҷикистон ҳайати 175 нафараи ҳунармандони ин кишвар ба Душанбе омаданд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод.

Тибқи иттилоъи ин ниҳод, аз 15-ум то 20-уми апрел дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои узбек, дидору мулоқоти зиёиён, барномаи консертии Маркази миллии мақоми Юнус Раҷабии Узбекистон ва барномаи фарҳангии Арбобони ҳунари Тоҷикистон ва Узбекистон зери унвони “Дӯстии ҷовидон” дар бунгоҳи "Кохи Борбад" баргузор мегардад.

Зикр мешавад, ки маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои синамои узбек асри 16-уми апрел дар кинотеатри «Наврӯз» бо намоиши филми ҳунарии «Абдулло Орифов» дар коргардонии М.Эркинов ва барномаи консертии Маркази миллии Мақоми Юнус Раҷабии Узбекистон дар Намоишсарои Садриддин Айнӣ рӯзи 19-уми апрел баргузор  мегардад.

Дар ҳамин ҳол тибқи иттилоъи муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" дар доираи Рӯзҳои синамои Узбекистон филмҳои ҳунарии «Абдулло Орифов» (коргардон М.Эркинов), «Судя» (коргардон Д.Масаидов), «Таҳаввулот» (коргардон Е. Тӯйчие)в ва «Зинда бод, ҳамсар!» (коргардон М.Матчанов) дар толорҳои синамои шаҳри Душанбе ва коху қасрҳои фарҳанги шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб  намоиш дода мешаванд.

Маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои синамои узбек 16-уми апрел соати 17.00 дар кинотеатри «Наврӯз» бо намоиши филми ҳунарии «Абдулло Орифов» (коргардон М.Эркинов) баргузор мегардад.

Гуфтанист, интизор аст, ки рӯзи 18-уми апрел Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон бо як сафари расмии дурӯза ба Тоҷикистон ояд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед