Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон тамриноти муштараки неруҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон оғоз шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон тамриноти муштараки  неруҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон оғоз шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Тоҷикистон тамриноти муштараки неруҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон оғоз шуд

Нашр шуд

Вазорати дифоъи Русия эълон кард, ки низомиёни ду кишвар дар ин размоиш корбурди неруҳои мусаллаҳ ва идораи воҳидҳои низомӣ барои нест кардани гурӯҳҳои ҳаросафкан (террористӣ) ҳангоми муроқибат аз марзи давлатиро тамрин мекунанд.

Машқҳои муштараки дуҷонибаи неруҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон рӯзи 15-уми апрел оғоз шуданд. Вазорати дифоъи Русия хабар дод, ки воҳидҳои низомии ду  кишвар ҳангоми муҳофизати марзи давлатӣ истифодаи неруҳои мусаллаҳ барои нест кардани гурӯҳҳои ҳаросафканро тамрин мекунанд.

Маросими оғози размоиш дар тамрингоҳи «Ҳарб-Майдон» дар вилояти Хатлони Тоҷикистон баргузор шуд ва ин машқи муштараки дуҷониба аз 15 то 18-уми апрели соли ҷорӣ сурат мегирад.

Дар ин замина зикр мегардад, ки дар ҷараёни машқҳо низомиёни ду кишвар корбурди неруҳои мусаллаҳ барои нест кардани гурӯҳҳои ҳаросафкан, омода кардани воҳидҳо барои иҷрои амалиёт дар кӯҳистон, ҳамчунин идораи воҳидҳо ҳангоми ҳифзи марзи давлатӣ ва несту нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро тамрин мекунанд.

Вазорати дифоъи Русия тавзеҳ дод, ки асоси воҳидҳои низомии ин кишвар дар тамринро ҷузъу томҳои пойгоҳи низомии 201 иборат аз тирандозони кӯҳӣ, воҳидҳои танкӣ, тӯпхона, иктишоф ва ҳамчунин гурӯҳи чархболҳои ҷангии Мӣ-24 ва Мӣ-8МТВ5-1 ташкил медиҳад.

Дар ин машқҳои низомӣ ҳамчунин  мутахассисони амнияти радиасионӣ, кимиёӣ ва биологӣ, идораи ҳавопаймоҳои бесарнишин ва гурӯҳои сайёри ҷанги радиоэлектронӣ низ ширкат хоҳанд кард.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед