Ru  | Tj
Дар Тоҷикистоён беш аз 70 омӯзгор аз Русия тадрис мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистоён беш аз 70 омӯзгор аз Русия тадрис мекунад
Акс: edu.gov.ru

Дар Тоҷикистоён беш аз 70 омӯзгор аз Русия тадрис мекунад

Нашр шуд

Аз роҳандозии лоиҳаи «Муаллими рус дар хориҷа» шаш сол сипарӣ шуд. Тоҷикистон аввалин кишваре буд, ки дар ин тарҳ ширкат кард, хабар медиҳад шабакаи телевизионии «МИР 24».

Тибқи гузориши «МИР 24», дар 22 мактаби шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи Тоҷикистон зиёда аз 70 нафар муаллими забони русӣ аз Русия кор мекунанд.

Гуфта мешавад, ки дар чаҳорчӯби ин лоиҳа хонаводаи муаллимони рус бо хобгоҳ таъмин буда, инчунин пули роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ барои онҳо пардохт карда мешавад.

Дар ин гузориш зикр мешавад, лоиҳаи мазкур то ҳадде бомуваффақият буд, ки шумораи муаллимон аз Русия дар Тоҷикистон қариб се баробар афзуд. Дар айни замон дар мактабҳои Тоҷикистон 75 нафар омӯзгор аз минтақаҳои гуногуни Русия кор мекунанд. Дастмузди омӯзгорон муштаракан аз ҷониби Тоҷикистон ва Русия пардохт карда мешавад.

Омӯзгорони рус на танҳо дар Душанбе, балки дар дигар шаҳрҳо, аз ҷумла дар Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ низ кор мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2022 дар Тоҷикистон панҷ мактаби русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ифтитоҳ шуд, ки дар онҳо наздики 5000 донишомӯз таҳсил мекунад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед