Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар Тошканд дафтари лоиҳавии роҳи оҳани трансафғонистонӣ кушода шуд
Нашр шуд
Дар шаҳри Тошканд ахиран дафтари ҳамоҳангсозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Узбакистон – Афғонистон – Покистон ифтитоҳ шуд. Дар ин бора ширкати «Роҳи оҳани Узбакистон» хабар дод.
Мақсади кушодани ин дафтар ҳамоҳангсозии амалиёти муштарак барои таҳияи асосҳои техникӣ-иқтисодии хатти ояндаи роҳи оҳан буда, ифтитоҳи дафтари мазкур кори татбиқи лоиҳаро доимӣ хоҳад кард.
Ба гуфтаи Аҳмад Форуқ, сафири Покистон дар Тошканд сохтмони ин хати роҳи оҳан Осиёи Марказиро бо бозори 230 миллионнафарaи Покистон пайваст карда, минтақаҳоро ба сатҳи баланди рушд мерасонад.
Аз сӯйи дигар Бахтраҳмон Шарофат, сардори Идораи роҳи оҳани Афғонистон бар аҳамияти ин роҳи оҳан барои афзоиши барои ҳамлунақли коло байни Русия, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ таъкид кард.
Бояд гуфт, ки ташаббуси сохтмони шоҳроҳи трансафғонӣ дар соли 2018 пешниҳод шуда, қарор буд, ки дар тирамоҳи соли 2021 корҳои сохтмонӣ оғоз шаванд, аммо бо иваз шудани қудрат дар Афғонистон ба ин кор монеъ шуд. Баъди музокирот ҳукумати муваққати Толибон* ба ин лоиҳа ҳамроҳ шуда, моҳи январи соли гузашта масири ин хати роҳи оҳанро тасдиқ кард.
Тибқи ҳисобҳо, баъди татбиқи ин лоиҳа интиқоли молу коло байни Узбакистон ва Покистон то 3-5 рӯз кӯтоҳ шуда, инчунин арзиши ҳамлунақл низ се баробар арзонтар хоҳад кард.
Пажуҳишгоҳи лоихакашии «Боштранслоиҳа»-и Узбакистон ҳазинаи сохтмони роҳи оҳани Узбакистон – Афғонистон – Покистон бо тӯли 600 км-ро беш аз 4,6 миллиард доллар ҳисоб кардааст.
*Фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон мамнӯъст
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед