Ru  | Tj
Дар Турсунзода ду масҷид ба коми оташ рафт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Турсунзода ду масҷид ба коми оташ рафт
Акс: Интернет

Дар Турсунзода ду масҷид ба коми оташ рафт

Нашр шуд

Дар шаҳри Турсунзода як нафар бемори рӯҳӣ ду масҷиди панҷвақтаро оташ задааст.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 28 апрел тахминан соати 8 дар масҷидҳои панҷвақтаи деҳаҳои Зиёраттут ва Сангқалъаи ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода сӯхтор сар зад.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ин оташсӯзӣ бинои масҷиди панҷвақтаи деҳаи Зиёраттут комилан сӯхта, бинои масҷиди панҷвақтаи деҳаи Сангқалъа қисман зарар дидааст.

Ба навиштаи ин манбаъ, таҳқиқи ҳодисаи мазкур ошкор кард, ки сокини ш. Турсунзода Дилшод Ботирови 32-сола бинобар сабаби хуруҷи бемории руҳӣ масҷидҳои мазкурро оташ задааст.

Ба қавли Давлат Ботиров - падари Дилшод Ботиров, писари ӯ чанд моҳи охир бинобар хуруҷи бемории руҳӣ дар шароити хона нигаҳдорӣ ва назорат мешуд.

«Рӯзҳои охир шароити нигаҳдорияшро нисбатан сабуктар намудем, ӯ бо истифода аз ин ҳолат аз хона фирор карда, масҷидҳоро оташ задааст»- мегӯяд падари Дилшод Ботиров.

Дар айни ҳол Дилшод Ботиров дар беморхонаи касалиҳои рӯҳии воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ нигаҳдориву табобат мешавад ва вобаста ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби мақомоти дахлдор тафтишот идома дорад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед