Ru  | Tj
Дар Узбекистон меъёри нишондиҳандаи нодорӣ 4,3% боло бурда мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Узбекистон меъёри нишондиҳандаи нодорӣ 4,3% боло бурда мешавад
Акс: Евгений Сорочин / «Газета.uz»

Дар Узбекистон меъёри нишондиҳандаи нодорӣ 4,3% боло бурда мешавад

Нашр шуд

Аз моҳи майи соли ҷорӣ дар Узбекистон мизони ҳадди ақали хароҷоти истеъмолӣ дар Узбекистон то 648 ҳазор сӯм (51 долар) афзоиш меёбад. Ин нисбат ба ҳадди ақали  хароҷоти истеъмолӣ дар моҳи январ 4,3 дарсад зиёд аст. Афзоиши меъёри хароҷоти ҳадди ақал ба гарон шудани нархи неруи барқ ва газ дар Узбекистон бастагӣ дорад. Дар ин бора Ожонси омори Узбекистон хабар медиҳад.

Ин ниҳод зикр мекунад, ки мизони ҳадди ақали хароҷоти истеъмолӣ барои муайян кардани мизони нодорӣ дар ин кишвар истифода мешавад.

Гуфта мешавад, ки ин нишондиҳанда  барои муайян кардани қишри ниёзманди аҳолӣ ба кумакҳои моддӣ ва дигар иҷтимоъии давлат, баланд бардоштани самаранокии  барномаи роҳбурдӣ ва барномаҳои мубориза бо нодорӣ ва таъйини андозаи ҳадди ақали нафақа, кумакпулӣ ва дигар намуди ёриҳои молӣ барои оилаҳои нодорӣ истифода мешавад.

Бояд гуфт, ки аз 1 май дар Узбекистон нархи неруи барқ барои аҳолӣ 450 сӯм (0,035 долар) барои як кВт/соат (+52,5%) ва барои газ 650 сӯм (0,05 долар) барои як метри мукааб (+71%) мешавад.

Аз ин рӯз ҳамчунин дар Узбекистон меъёри иҷтимоъии масрафи энержӣ барои неруи барқ - то 200 кВт-соат дар як моҳ, газ (аз март то октябр) - то 100 метри мукааб ва дар мавсими гармидиҳӣ аз ноябр то феврал - то 500 метри мукааб ҷорӣ мешавад.

Тобистони соли гузашта гузориш шуда буд, ки сатҳи нодорӣ дар Узбекистон 14,1% буда, беш аз 1 милёну 307 ҳазор оила фақир буданд. Ҳамзамон мақомоти Узбекистон нақша доштанд то охири соли 2023 сатҳи нодорӣ дар ин кишварро то 12% коҳиш диҳанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед