Ru  | Tj
Дар вилояти Суғд тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ 10 дарсад афзудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар вилояти Суғд тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ 10 дарсад афзудааст
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар вилояти Суғд тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ 10 дарсад афзудааст

Нашр шуд

Кишоварзони вилояти Суғди Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон тавлиди маҳсулотро 110% таъмин карданд. Дар ин маврид дафтари матбуъотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар вилояти Суғд ба маблағи 1 милярду 365 милён сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуда, суръати афзоиш нисбати соли гузашта 110 дарсад таъмин гардид.

Аз ҷумла зикр мешавад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ дар вилояти Суғд дар ин муддат ба 1 мрлярду 341 милён сомонӣ ва рустанипарварӣ 24 милён сомонӣ расида, суръати афзоиш мутаносибан 110 ва 107 дарсадро ташкил дод.

Дар идома таъкид мешавад, ки соли равон тибқи нақша дар вилояти Суғд баргузории кишти баҳорӣ дар майдони 173 ҳазору 835 ҳектар замин пешбинӣ гардидааст.

Дурнамои кишти ғалладонагиҳо 63 ҳазору 400 ҳектар, аз ҷумла гандум 12 ҳазору 579 ҳектар, пахта - 59 ҳазору 633 ҳектар, зироатҳои равғандеҳ - 7 ҳазору 131 ҳектар, картошка - 18 ҳазору 500 ҳектар, пиёз - 4 ҳазору 171 ҳектар ва полезиҳо 6 ҳазору 85 ҳектар муайян гардида, кишти баҳорӣ босуръат идома дорад.

Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Суғд истеҳсоли сабзавот - 405 тон, гӯшт - 19 ҳазору 9 тон, аз ҷумла гӯшти паранда - 3 ҳазору 780 тон, моҳӣ - 356 тон, шир - 79 ҳазору 175 тон ва тухм - 156 милён донаро ташкил дод.

Дар баробари ин гуфта мешавад, ки ба таърихи 5-уми апрел дар ширкатҳои кишоварзии вилоят 117 ҳектар боғу токзори нав бунёд карда шудааст. Ҳамзамон барқарорсозии боғу токзор дар масоҳати 899 ҳектор сурат гирифтааст.

Дар ин замина зикр мешавад, ки боғҳои нав аз ҳисоби заминҳои корами лалмӣ, чарогоҳ ва боир бунёд гардида, асосан ба василаи таҷҳизоти каммасрафи қатраӣ обёрӣ мешаванд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед