Ru  | Tj
Дар як ҳафта тариқи ҳарими ҳавоии Тоҷикистон беш аз 1000 парвоз анҷом мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар як ҳафта тариқи ҳарими ҳавоии Тоҷикистон беш аз 1000 парвоз анҷом мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар як ҳафта тариқи ҳарими ҳавоии Тоҷикистон беш аз 1000 парвоз анҷом мешавад

Нашр шуд

То моҳи октябр тариқи ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ҳафтае беш аз 1000 парвози мусофирбар ва боркаш анҷом хоҳад шуд.

Ширкати давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», муассисаи масъули роҳнамоии фазоӣ дар Тоҷикистон  хидматрасониро тибқи ҷадвали баҳор-тобистон оғоз кард. Дар ин бора «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилоъи ин ниҳод, бар асоси ҷадвали баҳор-тобистон, аз 2-юми март то 26-уми октябри соли равон беш аз 60 ширкати ҳавопаймоии дохилӣ ва хориҷӣ ҳадаф доранд, ки дар як ҳафта тавассути ҳарими ҳавоии Тоҷикистон беш аз 1000 парвози мусофирбар ва боркашонӣ анҷом диҳанд.

Дар баробари ин гуфта мешавад, ки афзун бар пешниҳоди хидматрасонии роҳнамоии фазоӣ ба ширкатҳои ҳавопаймоҳои дохилӣ ва хориҷӣ ин муассиса дар ифтитоҳи хайтсайрҳои нав низ саҳм мегузорад. Аз ҷумла рӯзи 2-юми апрел парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Остона-Душанбе аз сӯйи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» оғоз шуд.

Тибқи иттилоъи расмӣ, «Тоҷикаэронавигатсия» дар соли 2023 ба 51 ҳазору 530 ҳавопаймо хадамоти роҳнамоии фазоӣ пешниҳод кард, ки нисбати соли қабл (2022 – 46 ҳазору 462 адад) 11% бештар аст.

Афзун бар ин аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии дохиливу хориҷӣ шумораи бештари парвозҳои нақшаиву транзитӣ анҷом дода шуда, дар соли гузашта теъдоди парвозҳои транзитӣ аз ҳарими ҳавоии Тоҷикистон 25 ҳазору 971 ададро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2022 (16 ҳазору 873 адад) 10% зиёдтар аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед