Ru  | Tj
Дар як ҳамлаи ҳавоии Исроил шаш узви хонаводаи раҳбари Ҳамос кушта шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар як ҳамлаи ҳавоии Исроил шаш узви хонаводаи раҳбари Ҳамос кушта шуданд
Акс: "Ал-Ҷазира"

Дар як ҳамлаи ҳавоии Исроил шаш узви хонаводаи раҳбари Ҳамос кушта шуданд

Нашр шуд

Хабаргузории "Ал-Ҷазира" гузориш дод, ки дар ҳамлаи ҳавоии Исроил дар Ғазза се писар ва се набераи Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос кушта шудаанд.

Ба гузориши ин расона, ин ҳамла рӯзи 10-уми апрел дар минтақаи "Аш-Шотӣ" дар шимоли Ғазза анҷом шудааст.

Ҳания ба "Ал-Ҷазира" таъйид кардааст, ки се фарзанд ва теъдоде аз набераҳояш дар ҳамлаи ҳавоии Исроил кушта шудаанд.

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос Ҳозим, Амир ва Муҳаммадро фарзандони куштаи худ муаррифӣ кардааст.

Вай афзудааст, ки ба муносибати Иди Фитр онҳо ба аёдати хешовандонашон ба  урдугоҳи "Аш-Шотӣ" рафта буданд, ки ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.

Ҳания гуфтааст, ки аз оғози ҷанг дар Ғазза 60 узви хонаводааш кушта шудаанд, аммо вай таъкид кардааст, ки раҳбарони Фаластин дар ҳоле, ки хонаводаҳо ва хонаҳои онҳо ҳадаф қарор гирифтаанд, аз мавқехи худ ақибнишинӣ нахоҳанд кард.

Ҷанги феълӣ байни Исроил ва Ҳамос, ки ҳафт моҳ боз идома дорад, хунинтарин даргириҳои ду ҷониб аз соли 1948 ба шумор меравад.

Бар асоси омори вазорати тандурустии Ғазза, бар асари ҳамлаҳои Исроил дар ин ҷанг беш аз 33 ҳазору 482 нафар фаластинӣ кушта ва 76 ҳазору 49 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ҳамзамон дар ҳамлаҳои рӯзи 7-уми октябри соли гузашта гурӯҳи Ҳамос ба шаҳрҳои Исроил 1200 исроилӣ кушта шуда ва ин гурӯҳ 200 нафари дигарро гаравгон гирифт.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед