Ru  | Tj
Дар як шабонарӯз боз 37 нафари дигар аз коронавирус сироят шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар як шабонарӯз боз 37 нафари дигар аз коронавирус сироят шуданд

Дар як шабонарӯз боз 37 нафари дигар аз коронавирус сироят шуданд

Нашр шуд

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаби гузашта боз 37 нафари дигар мубталои вируси корона шуданд. Акнун шумораи умумии сироятшудагон ба 10 297 нафар расида, то имрӯз 79 нафарашон аз қайди дунё рафтанд. 

Аммо чанд рӯзи охир омор нишон медиҳад, ки теъдоди сироят шудагон аз шифоёфтагон нисбатан камтар мебошад.

Рӯзи гузашта 74 нафар аз беморхонаҳо ҷавоб шуда ба хонаҳояшон рафтанд. Ҳамагӣ зиёда аз 9 ҳазор дар тамоми ҷумҳурӣ шифо ёфтаанд.

Вазоратӣ тандурустӣ тавсия медиҳад, ки шаҳрвандон қоидаҳои муқарраргардидаро риоя намоянд ва бе аҳмияти зоҳир накунанд, чунки рӯзҳои охир мардум фосилаи иҷтимоӣ ва пушидани ниқобро сарфи назар карда истодаанд.

Коронавирус бори нахуст дар Тоҷикистон 30 апрели соли 2020 сабт шуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед