Ru  | Tj
Дар Ӯзбекистон се нафар ба хотири як телефон ҷон бохт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Ӯзбекистон се нафар ба хотири як телефон ҷон бохт
Акс: mediazavod.ru

Дар Ӯзбекистон се нафар ба хотири як телефон ҷон бохт

Нашр шуд

Се шаҳрванди Ӯзбекистон ҳангоми талоши гирифтани телефон аз ҳоҷатхона ба ҳалокат расиданд. Ин нахустин бор нест, ки чунин ҳодиса дар ин кишвар рух медиҳад.

Мақомоти додситонии Ӯзбекистон иттилоъ додааст, ки ин ҳодисаи маргбор рӯзи 27-уми апрел дар маҳаллаи Файзлиободи ноҳияи Сардобаи вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон рух додааст.

Пойгоҳи хабарии Podrobno.uz ба нақл аз сокинони маҳаллӣ навиштааст, ки соҳиби хона телефонро дар ҳоҷатхонаи ҳавлии истиқоматиаш афтонидааст. Пас аз ин номбурда аз падар ва бародари хурдияш барои ёфтани телефон кумак хостааст.

Ин афрод ба дохили чоҳи фозилоб мефароянд, ки дар онҷо якбора аз ҳуш рафта, ҳалок мешаванд. Гуфта мешавад, ки ба эҳтимоли зиёд сабаби марги онҳо нарасидани оксиген ва нафаскашии омехтаи газҳои фозилоб будааст.

Ин манбаъ ёдовар шудааст, ки ҳодисаи мушобеҳ моҳи июли соли 2017 дар ноҳияи Янгиқӯргони вилояти Намангони Ӯзбекистон низ рух дода будааст. Як зани маҳаллӣ ду коргарро барои гирифтани телефони мобилие, ки дар ҳоҷатхона афтода буд, киро кардааст. Коргарон ба чоҳ фуромада, аз ҳуш мераванд ва дигар баромада натавонанд.

Барои расонидани кумаки тиббӣ ба осебдидагон соҳибхона духтурро даъват мекунад, ки ҳангоми ба чоҳ фуромадан ӯ низ аз ҳуш меравад. Дар натиҷаи ин ҳодиса ду коргари кироя дар ҷойи ҳодиса ва як пизишк дар роҳ ба бемористони маҳаллӣ ҷон мебозад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед