Ru  | Tj
Додгоҳ чор муттаҳами ҳамлаи мусаллаҳона дар Маскавро барои ду моҳ ҳабс кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Додгоҳ чор муттаҳами ҳамлаи мусаллаҳона дар Маскавро барои ду моҳ ҳабс кард
Акс: Коллажи Halva.tj

Додгоҳ чор муттаҳами ҳамлаи мусаллаҳона дар Маскавро барои ду моҳ ҳабс кард

Нашр шуд

Додгоҳи ноҳияи Басмани Маскав чаҳор муттаҳами ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи 22-юми март дар Красногорск, ки боиси марги дастикам 137 нафар шуд, барои ду моҳ ҳабс кард.

Далерҷон Мирзоев, Сайидакрам Муродалӣ Раҷабализода, Фаридуни Шамсуддин ва Муҳаммадсобир Файзов рӯзи 24-уми март бо чашмони пӯшида дар додгоҳ ҳозир шуданд.

Ин афрод ба даст доштан дар "амалиёти ҳаросафкан" ва ҳамлаи мусаллаҳона ба бунгоҳи консертии "Крокус Ситӣ Ҳолл" дар Маскав муттаҳам шудаанд.

Ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳудуди 6 ҳазор нафар тамошобин дар консерти мусиқии рок ҳузур доштанд.

Дар ин ҳамла беш аз 180 нафар маҷруҳ шуданд ва 100 нафари онҳо то ҳол дар бемористонҳо қарор доранд.

Дар аксҳое, ки аз додгоҳ мунташир шудаанд, дар атрофи чашмони Файзов ва Раҷабализода осори зарба дида мешавад ва гӯши Раҷабализода баста шудааст.

Гуфта мешавад, ки Файзовро дар аробачаи маъюбӣ ба додгоҳ бурданд ва чеҳраи Шамсуддин шадидан варам кардааст.

Бар асоси баёнияи додгоҳ, Далерҷон Мирзоев, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст, "содир кардани ҷиноятро комилан эътироф кардааст".

Бар асоси гузоришҳо Раҷабализода, ки низ ба "содир кардани ҷиноят" иқрор шудааст.

Тибқи хулосаи додгоҳ, ҳар чаҳор муттаҳам барои омодагӣ ба мурофиа то 22-юми май дар боздоштгоҳи муваққатӣ хоҳанд буд.

Ин чор нафар тибқи моддаи 205-и Қонуни ҷиноятии Русия (ҳамлаи ҳаросафкан аз сӯйи гурӯҳи созмонёфта, ки боиси марги инсон гардид) муттаҳам мешавад. Бар асоси ин банди қонуни муҷозоти ҷиноӣ, гумонбаронро ҳабси абад интизор аст.

Бояд гуфт, ки гурӯҳи ҳаросафкани ДИИШ* масъулияти ҳамлаи рӯзи 22-юми мартдар "Крокус Ситӣ Ҳолл" дар  Маскавро бар уҳда гирифт.


*Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнуъ аст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед