Ru  | Tj
Додгоҳи Бишкек дар бораи қатъи фаъолияти бахши қирғизии Радиои Озодӣ ҳукм кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Додгоҳи Бишкек дар бораи қатъи фаъолияти бахши қирғизии Радиои Озодӣ ҳукм кард
Акс: 24.kg

Додгоҳи Бишкек дар бораи қатъи фаъолияти бахши қирғизии Радиои Озодӣ ҳукм кард

Нашр шуд

Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек даъвои Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистонро дар бораи қатъи фаъолияти бахши маҳаллии Радиои Озодӣ қонеъ кард.

Дар ин бора пойгоҳи хабарии kg.akipress.org хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки қарори додгоҳ дар ин замина рӯзи 27-уми апрел содир шуд. Дар ин баробар намояндагони Azattyk Media ният доранд, ки аз болои ҳукм ба мақомоти болоӣ шикоят баранд.

Ин манбаъ менависад, ки дар мурофиаи додгоҳӣ натиҷаи ташхиси забоншиносии нашри барномаи «Настоящее время. Азия» аз 16 сентябри соли 2022 эълон шуд. Дар ин нашри барнома гузориш дар бораи даргирии мусаллаҳона дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Ба иддаои Вазорати фарҳанги Қирғизистон, ин гузориш дорои «алфози душманӣ, маълумоти таъйиднашуда дар бораи ҳамлаи Қирғизистон ба Тоҷикистон, иттилооти барангезандаи бадбинӣ, табъиз ва тафриқа байни шаҳрвандон ҳангоми пӯшиши рӯйдодҳои вилояти Бодканд» буд.

Баъд аз ин рӯзи 26 октябри соли 2022 Вазорати фарҳанги Қирғизистон фаъолияти сомонаи «Азаттыка»-ро ба далели маводе, ки ба гуфтаи онҳо, «муқобил ба манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Қирғизистон» аст, ба муддати ду моҳ боздошт. Баъдтар ин маҳдудият тамдид карда шуд.

Рӯзи 23-уми январи соли равон бошад Вазорати фарҳанги Қирғизистон ба додгоҳи ноҳияи Денини шаҳри Бишкек барои қатъи фаъолияти намонядагии маҳалии Радиои Озодӣ - «Azattyk Media» шикоят бурд.

Бояд гуфт, ки «Настоящее время. Азия» бахше аз шабакаи телевизионии «Настоящее время» буда, дар Бишкек ҷойгир аст. Муассиси ин телевизион Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва радиои «Садои Амрико» мебошад.

Дар баробари ин «Azattyk» бахши қирғизии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ мебошад, ки сармоягузори ин расонаҳо Конгресси ИМА аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед