Ru  | Tj
Донишҷӯёни тоҷик кай ба Русия бар мегарданд?

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Донишҷӯёни тоҷик кай ба Русия бар мегарданд?

Донишҷӯёни тоҷик кай ба Русия бар мегарданд?

Нашр шуд

Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия хабар дод, ки ҳамаи донишҷӯёни хориҷӣ метавонанд пас аз бардоштани маҳдудиятҳо ба хониш баргарданд. Ва ин гуфтаҳо танҳо барои донишҷӯёни бахши рӯзона (очное) таалуқ дорад.

Донишҷуёни тоҷикистонӣ нисбат ба донишҷуёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки шумораи онҳо зиёда аз 24 600 нафарро ташкил медиҳад, то имрӯз интизори кушода шудани марзҳо мебошанд, то ки хониши худро идома диҳанд.

Қисми зиёди онҳо бо сабаби махкам будани сарҳадҳо тобистони гузашта ба ватан баргашта натавонистанд, ва як гуруҳи ками онҳо бо кумаки сафорат ва мақомотҳои дахлдори ҳар ду кишвар тавассути парвозҳои чартери ба ватан баргардонда шуда буданд. Ва имрӯзҳо бошад асос ҷавонони нав дохил шуда барои рафтан бо мушкилиҳо дучор шуданд.

Федератсияи Русия имрузҳо барои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Молдива, Абхазия, Шветсария, Миср ва АМА сарҳадҳоро боз намудаст.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед