Ru  | Tj
Донишҷӯёни ӯзбекистони ба Тоҷикистон баргаштан мехоҳанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Донишҷӯёни ӯзбекистони ба Тоҷикистон баргаштан мехоҳанд
Фото: Podrobno.uz

Донишҷӯёни ӯзбекистони ба Тоҷикистон баргаштан мехоҳанд

Нашр шуд

Пас аз боз шудани сарҳадҳо миёни Тоҷикистону Узбекистон, ки бо як қатор маҳдудиятҳо барои пешгирии коронавирус кушода шуд, донишҷӯёни ӯзбек ҳануз наметовананд вориди Тоҷикистон барои идомаи таҳсил шаванд. 

Чанде пеш донишҷӯёни Афғонистону Ҳиндустон тавонистанд ба хати сарҳадро бо иҷозати ҳукумат убур кунанд, аммо барои донишҷӯёни ӯзбек ин каме қиндтар мебошад. 

Агар шумораи донишҷӯёни афғону ҳинд дар маҷмуъ ба ҳазор нарасад, донишҷӯёни ӯзбекистонӣ бошанд зиёда аз 5 ҳазор дар ҳамаи донишгоҳҳои таҳсил мекунанд. Мушкилиҳои сар зада яке аз ҳамин сабаб мебошад, ки ба ҳамаи онҳо шароити муҳайё кардани таълими фосилавиро донишгоҳҳо надоранд ва бе тайёрии санҷиши саломатии ин миқдори зиёди донишҷӯён хатарнок ҳам шояд бошад.

Аммо гуруҳи хурди ҷавонони ӯзбек аллакай дар Тоҷикистон таҳсилро шурӯъ карданд.

Аз ин рӯ, донишҷӯёни ӯзбекистониро мебояд қарори ситоди зудамали ҷумҳуриявии зидди коронавирусро интизор шаванд.

Пандемияи коронавирус мавҷуд буданаш дар Тоҷикистон бори аввал 30 апрели соли ҷорӣ тасдиқ шуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед