Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон боз ғолиб омад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон боз ғолиб омад

Эмомалӣ Раҳмон боз ғолиб омад

Нашр шуд

Тибқи натиҷаҳои эълоншуда аз тарафи КМИР, Президенти кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин интихоботи доир гардида 90,92% овоз ба даст овардааст ва натиҷаҳо қатъи дар давоми 10 рӯз эълон карда мешаванд.

Овозҳои гирифтаи дигар номзадҳо: Мироҷ Абдуллоев 1,17% овоз, Абдуҳалим Ғаффорзода аз ҳизби Сотсиалисти 1,49% овоз, ҳизби Аграари Рустам Латифзода 3,03% овоз ва ҳизби ислоҳоти иқтисоди бо роҳбарии Рустам Раҳматзода 2,15% овозро ба даст оварданд.

Гуфта мешавад, ки дар ин интихобот шумораи умумии овоздиҳандагон зиёда аз 4,2 млн. нафарро ташкил дод, ки тақрибан 85,5% интихобкунандагонро ташкилдод.

Дар интихоботи мазкур намояндагон аз САҲА, Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ, Думаи Русия, СААД ва СҲШ иштирок намуда, натиҷаҳои интихоботро пазируфтанд.

Рафти интихобот бо риояи ҳамаи пешбиниҳои муқарраргардида бар зидди Covid-19 гузашт ва щамаи участкаҳо бо лавозимотҳо таъмин буданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед