Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: Ҷаҳон дар соли 2024 дар таъмини ғизо ба мушкил рӯбарӯ хоҳад шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Ҷаҳон дар соли 2024 дар таъмини ғизо ба мушкил рӯбарӯ хоҳад шуд
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Ҷаҳон дар соли 2024 дар таъмини ғизо ба мушкил рӯбарӯ хоҳад шуд

Нашр шуд

Кишвардори Тоҷикистон аз шаҳрвандон хост, ки дар шароити кунунӣ аз тамоми захираҳои мавҷуда оқилона баҳра баранд.

Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон мардуми кишварашро бо фарорасии ҷашни Наврӯз табрик гуфта, дар паёми шодбошии хеш таъкид кард, ки тибқи таҳлилҳо соли 2024 ҷомеаи ҷаҳонӣ дар  таъминоти ғизо нисбат ба солҳои гузашта бо вазъияти боз ҳам мушкилу вазнинтар рӯбарӯ мегардад.

Бо назардошти ин, ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, бояд аз тамоми захираву имконоти мавҷуда, табиату иқлими мусоиди Тоҷикистон, бавижа обу замин оқилонаву муассир баҳра баранд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идома афзуд, дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се-чор ҳосил аз заминҳои обӣ, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила ва расидан ба яке аз ҳадафҳои роҳбурдӣ – ҳифзи амнияти озуқаворӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа карда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки солҳои охир бо сабаби печида ноором гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон, тағйири бесобиқаи иқлим ва пайомадҳои нохуши он – камобиву хушксолӣ, ҳамчунин паҳн шудани бемориҳои вогирӣ (сироятӣ) таъминоти аҳолии сайёра бо озуқаворӣ торафт мушкил гардида истодааст.

“Дар кишвари мо низ камобӣ идома дошта, бориши барфу борон нисбат ба соли гузашта 70 дарсад кам мебошад”, - гуфт кишвардори Тоҷикистон.

Дар бахши дигари табрикоти хеш раисҷумҳури Тоҷикистон зикр кард, дар масири таърихи тӯлонии мардуми тоҷик Наврӯзи Аҷам дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро ташкил додааст.

Вай дар ин замина гуфт: “Агар забони тоҷикӣ ҳомии осори фаровону ҷовидонаи илмиву адабӣ ва ҳофизаи таърихии мардуми мо бошад, ҷашни Наврӯз дарбаргирандаву нигоҳдорандаи суннатҳои зиндаи халқ, расму ойинҳо ва фарҳанги миллӣ мебошад”.

Сарвари Тоҷикистон хотирнишон кард, ки ойинҳои наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ҳастанд ва аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ, яъне офаридани зебоӣ ва зебоипарварӣ ҳидоят мекунанд.

Аз ин рӯ, ба гуфтаи Эмомали Раҳмон,  мардуми Тоҷикистон бояд ба хотири ҳифзи асолати худ ба ин арзишҳои бебаҳои миллӣ ҳамеша арҷ гузошта, онҳоро чун гавҳараки чашм нигаҳ доранд.

Бояд гуфт, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз соли 2010 дар асоси Қатъномаи Муҷматаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид ин ҷашни бостонӣ мақоми байнулмилалӣ касб касб.

Ҳамчунин ҷашни Наврӯз моҳи ноябри соли 2016 ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола ҷашни Наврӯз ба таври густарда таҷлил шуда, дар ин кишвар барномаҳои гуногуни фарҳангӣ ва варзишӣ баргузор мешаванд. Ба шарафи ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон аз 21 то 26-уми март рӯзҳои истироҳат эълон шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед