Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: Дар шароити бархурди абарқудратҳо бояд мафиатҳои миллиро ҳифз кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Дар шароити бархурди абарқудратҳо бояд мафиатҳои миллиро ҳифз кард
Акс: Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Дар шароити бархурди абарқудратҳо бояд мафиатҳои миллиро ҳифз кард

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мардуми ин кишварро ба муносибати фаро расидани Иди Рамазон шодбош гуфта, таъкид кард, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ мардуми Тоҷикистон иди саиди Фитр ва дигар ойину суннатҳои миллиро дар шароити сулҳу суботи комил таҷлил мекунанд.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, инсоният аз бисёр ҷиҳат, хусусан аз ҷиҳати таъминот бо озуқаворӣ мушкилтарин давраро дар таърихи қариб садсолаи худ аз сар мегузаронад ва табиист, ки дар чунин вазъият ҳар як давлат дар талоши ҳалли мушкилоти мардуми худ аст.

Бо назардошти ин Эмомалӣ Раҳмон тазаккур дод, ки дар чунин шароит ба масъалаи сарфакорӣ, пешгирӣ кардани зоҳиргаройӣ ва исрофи маводи ғизоӣ, аз ҷумла дар рӯзҳои ид ва риояи ҳатмии талаботи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» бояд ҷиддӣ муносибат кард.

Аз сӯйи дигар сарвари Тоҷикистон бо ишора ба мухолифату низоъҳо дар байни абарқудратҳо, таҳримҳо ва буҳронҳои молиявию иқтисодии ҷаҳон гуфт, ки Тоҷикистон дар чунин шароит бояд пеш аз ҳама манфиатҳои миллии хешро ҳифз кунад.

Дар баробари ин Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба масъалаи таълиму тарбияи дурусти фарзандон таваҷҷуҳ карда, таъкид намуд, ки наврасону ҷавононро бояд ба илму донишомӯзӣ, азхуд намудани касбу ҳунар, фанну фанновариҳои замонавӣ ва забонҳои хориҷӣ роҳнамоӣ кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки ҳар як фарди огоҳу савобҷӯй дар ин рӯзи муборак фармудаҳои ислом ва анъанаҳои мактаби одамияти бузургони халқи тоҷикро идома бахшида, барои анҷом додани амалҳои нек ва дар навбати аввал дароз кардани дасти кумак ба ятимону маъюбон, ниёзмандону оилаҳои камбизоат ва дигар корҳои хайр талош мекунад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон имрӯз ба охир расида, пагоҳ, 21-уми апрел, Иди саиди Фитр таҷлил мешавад. Намози ид дар ҳамаи масҷидҳои ин кишвар соати 6:30-и субҳи 21-уми апрел муқаррар шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед