Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон пирӯзии Путинро табрик гуфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон пирӯзии Путинро табрик гуфт
Акс: аз манбаъҳои боз

Эмомалӣ Раҳмон пирӯзии Путинро табрик гуфт

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон бо ирсоли номае Владимир Путинро бо пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Русия табрик кард. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём пирӯзии Владимир Путин дар интихоботро баҳснопазир дониста мегӯяд, ки натиҷаҳои овоздиҳӣ боз як далели возеҳи обрӯву эътибори баланди сиёсии Путин дар ҷомеъаи Русия аст.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома таъкид мекунад, ки Тоҷикистон ба густариши бемайлони шарикии роҳбурдӣ ва ҳамкории ҳампаймонии Тоҷикистону Русия аҳаммияти пайваста медиҳад.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе омодааст якҷо бо Владимир Путин дар оянда низ ҷиҳати ба сатҳи баланди нав баровардани ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар талошҳои муштарак ба харҷ диҳад.

Ёдоварӣ мекунем, ки тибқи охирин маълумот Владимир Путин бо касби беш аз 87 дарсади овозҳо дар интихоботи раисҷумҳури Русия пешсаф аст.

Интихоботи раисҷумҳури Русия рӯзҳои 15, 16 ва 17-уми март баргузор шуд. Бори аввал интихобот се рӯз ва бо истифода аз овоздиҳии фосилаии электронӣ баргузор шуд. 

Барои курсии раҳбари давлат чаҳор номзад: Владимир Путин, Владислав Даванков, Леонид Слутский ва Николай Харитонов талош карданд. 

Шаҳрвандони Русия дар хориҷа дар 295 маркази интихоботии 144 кишвари ҷаҳон овоз диҳанд. Аз ҷумла дар Тоҷикистон рӯзи 17-уми март барои ширкат дар интихоботи раисҷумҳури Русия дар ду шаҳр – Душанбе ва Хуҷанд 6 маркази интихоботӣ ифтитоҳ шуд. 

Гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон 9500 нафар шаҳрванди Русия дар интихобот раъй доданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед