Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи Генералии СММ суханронӣ намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи Генералии СММ суханронӣ намуд

Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи Генералии СММ суханронӣ намуд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи Генералии СММ суханронӣ намуд. Дар паёми видеоии худ дар бораи масоили иқтисодии марбут ба пандемияи коронавирус, мубориза бо терроризм, муҳити зист ва тағирёбии иқлим иброз намуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки пандемияи коронавирусӣ, ки дар аввал танҳо ба соҳаи тандурустӣ таҳдид мекард, тадриҷан дар соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ паҳн шуда, бӯҳрони молиявиро ба вуҷуд овард.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, бинобар паҳн шудани COVID-19, коҳиши нишондиҳандаҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди ватанӣ ба назар мерасад. Оқибатҳои пандемия махсусан дар савдои дохилию хориҷӣ, сармоягузории мустақими хориҷӣ, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, бахусус бахши нақлиёт шадид буданд. Тибқи ҳисобҳои коршиносон, зарари маҷмӯӣ ба иқтисоди Тоҷикистон тақрибан 2 миллиард долларро ташкил хоҳад дод. Бо назардошти ҳамаи ин гуфтаҳои боло, Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои заруриро андешида истодааст, ки ба дастгирии молиявии тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат нигаронида шудаанд.

Роҳбари Тоҷикистон ба давлатҳое, ки барои таҳияи ваксина алайҳи коронавирус кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ташаккур гуфт ва умеди худро ба дастрасии он дар оянда барои ҳама кишварҳо баст.

Илова бар мушкилоти паҳншавии Ковид-19, Эмомалӣ Раҳмон инчунин афзоиши шиддатнокии терроризм ва экстремизмро, ки барои тамоми ҷаҳон хатари хос доранд, қайд намуд. Ба ақидаи ӯ, бояд ба таҳияи василаҳои муассири мубориза бо терроризм диққати махсус дода шавад.

"Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ қарор гирифта, тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм, зидди ҷинояткории фаромиллӣ, аз ҷумла мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир саҳми бебаҳо хоҳад гузошт", - илова кард президент.

Эмомали Раҳмон инчунин ба масъалаҳои мубрами экологӣ, алахусус ба тағирёбии иқлим дахл кард. Президенти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия бо ин мушкилот бо нерӯҳои иқтисоди сабз мубориза баранд. Эмомалӣ Раҳмон зарурати андешидани чораҳоро барои "ҳифзи захираҳои об ва татбиқи ташаббуси Тоҷикистон дар бораи таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" эълом кард. Барои амалӣ кардани лоиҳа, кишварҳо ба кӯмаки молиявӣ ва техникии кишварҳои пешрафта ва созмонҳои байналмилалӣ ниёз доранд.

Хотиррасон мекунем, ки ҳафтаи мулоқотҳои сатҳи олӣ 21 сентябр бо ҷаласа бахшида ба 75-солагии Созмони Милали Муттаҳид оғоз ёфт. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар он ҷо паёми видеоии худро муаррифӣ кард. Имсол ҳама суханрониҳои раҳбарони давлатҳо онлайн сурат мегиранд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед