Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов масъалаи оиди марзро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов масъалаи оиди марзро баррасӣ карданд
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов масъалаи оиди марзро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш Содир Ҷабборов дар шаҳри Чолпон-Ота мулоқот кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, раҳбарони ду кишвар дар ин мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор анҷом доданд.

Аз ҷумла таъкид мешавад, ки дар дидори Раҳмон бо Ҷабборов масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи муштаракаи миёни ду кишвар баррасӣ шуд. 

Дар ин замина зикр мешавад, ки раҳбарони ду кишвар аз охирин натиҷаҳои мувофиқаи хати лоиҳавии сарҳади давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба дарозии тақрибан 626 километр, ки 102 километри он дар 1,5 соли охир тасвир шудааст, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар баробари ин ду раисҷумҳур аз талошҳои муваффақона идома додани музокироти марзӣ ва қабули қарорҳои дахлдор дар асоси эҳтиром ва эътимоди мутақобила ҷонибдорӣ карданд.

Гуфта мешавад, ки дар идомаи ин мавзӯъ Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов бори дигар аҳамияти нигоҳ доштани риштаҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории ду кишварро тасдиқ карда, ҷонибдории худро аз ҳалли ҳама масъалаҳои мавҷуда танҳо бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ изҳор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон дар мусоҳиба бо хабаргузории «Кабар» аз суръати пешрафти музокироти марзӣ бо Тоҷикистон изҳори норизоятӣ карда буд.

Гуфтанист, тибқи омори расмӣ, тӯли марзи муштараки Қирғизистону Тоҷикистон 972 километр буда, 682 километри он мушаххас ва 290 километри боқӣ баҳснок маҳсуб мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед