Ru  | Tj
Энержӣ, диҷитолисозӣ ва бахши хусусӣ. Бонки Исломии Рушд ба кадом соҳаҳои Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳад кард?

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Энержӣ, диҷитолисозӣ ва бахши хусусӣ. Бонки Исломии Рушд ба кадом соҳаҳои Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳад кард?
Акс: Интернет

Энержӣ, диҷитолисозӣ ва бахши хусусӣ. Бонки Исломии Рушд ба кадом соҳаҳои Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳад кард?

Нашр шуд

Дар доираи Стратегияи нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва БИР ба соҳаҳои энержӣ, саноат, нақлиёт, диҷитолсозӣ ва бахши хусусӣ афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад.

Ин нукта ахиран зимни мулоқоти Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Иброҳим Шукрӣ, раҳбари бахши минтақавии Бонки Исломии Рушд дар Осиёи Марказӣ дар Душанбе таъкид шуд.

Тавре ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад, Стратегияи нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Бонки Рушди Исломӣ бо ҳадафи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар се соли оянда пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар аввали моҳи майи имсол дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Муҳаммад Сулаймон, раҳбари Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд масъалаи ҷудо намудани беш аз 450 милюн доллар аз сӯйи ин созмони молӣ барои кишварашро баррасӣ карда буд.

Аз ҷумла дар ин замина таъкид шуд, ки Бонки исломии рушд дар соли равон барои лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» ҷудо намудани 150 милюн долларро пешбинӣ намуда, дар оянда барои зиёд намудани сармоягузории ин лоиҳа якҷо бо Гурӯҳи Ҳамоҳангсози Араб ва бунёдҳои рушди дахлдор корбарӣ дорад.

Гуфтанист, то имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ ба маблағи 641 милюн доллар амалӣ шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед