Ru  | Tj
Фестивали асал ва ангур дар шаҳри Душанбе

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Фестивали асал ва ангур дар шаҳри Душанбе

Фестивали асал ва ангур дар шаҳри Душанбе

Нашр шуд

Рузи 3 октябр дар шаҳри Душанбе намоиш-фестивали асал ва ангур дар бозори “Меҳргон” барпо гардид.   

Дар фестивали мазкур Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло ва намояндаҳо аз ҳукумати шаҳру но ноҳияҳо иштирок намуданд. 

Деҳқонон аз ҳар гушаю канори шаҳру вилоятҳои Хатлону, Суғду Бадахшон маҳсулотҳои худро аввал ба намоиш гузошта баъдан барои сокинони маҳалли ба фуруш гузоштанд. Бояд қайд кард, ки маҳсулоти ба фуруш гузошта шуда нисбат аз нархҳои бозорӣ аз 10 то 20% арзонтар буд.

Баъд аз қисми расмии фестивал ва баромади муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз руи чанд номинатсияҳо ба иштирокчиёну ғолибони озмун ифтихорномаҳо, сипосномаҳо ва ҷоизаҳои пуллию моллӣ тақдим гардид. 

Чунин намоишфестивалҳои деҳқонӣ дар тамоми қаламравӣ кишвар дар ҳар мавсим ва чорабиниҳои давлатӣ баргузор мегардад. Ва иди дар пеш истода, иди миллии Меҳргон низ дар ҳамин моҳ ба нақша гирифта шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед