Ru  | Tj
Форуми ҷавонони бахши молия номзади худро интихоб намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Форуми ҷавонони бахши молия номзади худро интихоб намуданд

Форуми ҷавонони бахши молия номзади худро интихоб намуданд

Нашр шуд

29 сентябри соли ҷорӣ Форуми ҷавонони бахши молия баргузор гардид, ки дар он муовини вазири молия Юсуф Маҷиди иштирок ва сухонрони намуданд. Дар форуми мазкур оиди ҳамаи дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи молия дар  солҳои истиқлолият иброз карда шуд. 

Ҷавонони бахши молия арзандатарин номзад ба мақоми Президенти Ҷумаҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро донистанд. Ба гуфтаи онҳо дар тули роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон 43 лоиҳаи энергетики ба маблағи 2,3 млрд.дол., 53 лоиҳа ба маблағи 2 млрд. дар соҳаи нақлиёт ва 49 лоиҳа дар соҳаи кишоварзӣ ба маблағи 600 млн. татбиқ карда шуд. 

Ҳамзамон оиди стратегияҳои рушд то соли 2030 саноаткунонии босуръат, гузаштан пурра ба иқтисоди рақамӣ то соли 2040 ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ низ гуфта шуд, ки ин низ бо шарофати номзади ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 11 октябр баргузор мешавад. КМИР ҶТ 5 номзадро расман ба қайд гирифт: аз Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақил, Иттифоқи ҷавонон ва Ҳизби халқии демократӣ Эмомалӣ Раҳмон; аз Ҳизби сотсиалистӣ - Абдуҳалим Ғаффорзода; аз Ҳизби аграрӣ - Рустам Латифзода; аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ - Рустам Раҳматзода ва аз Ҳизби коммунист - Мироҷ Абдуллоев номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед