Ru  | Tj
Идомаи ҳамкории Тоҷикистону СММ дар доираи "Раванди Душанбе" баррасӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Идомаи ҳамкории Тоҷикистону СММ дар доираи "Раванди Душанбе" баррасӣ шуд
Акс: Интернет

Идомаи ҳамкории Тоҷикистону СММ дар доираи "Раванди Душанбе" баррасӣ шуд

Нашр шуд

Ҷонибек Ҳикмат ва Владимир Воронков идомаи ҳамкорӣ дар доираи «Раванди Душанбе» -ро дар самти мубориза бо терроризм ва маблағгузории он  баррасӣ карданд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, 8-уми апрел Ҷонибек Ҳикмат, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид  бо муовини Дабири кулл ва Роҳбари Дафтари зиддитеррористии ин созмон Владимир Воронков мулоқот намуд.

Манбаъ мегӯяд, танзими чорабиниҳои муштарак ҷиҳати татбиқи Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва идомаи ҳамкорӣ дар доираи "Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он" меҳвари аслии ин мулоқот будааст.

Ҳамчунин тарафҳо дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ баррасӣ кардаанд.

Нахустин конфронси сатҳи баланд дар чорчӯби "Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он" моҳи майи соли 2019 дар  Душанбе таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои созмонёфта» баргузор гардида буд.

Конфронси навбатӣ дар ин замина интизор меравад, ки моҳи октябри имсол баргузор шавад.


БОР Завқизода Завқиро бо Сертификати беҳтарин Гурӯҳи татбиқи лоиҳа қадрдонӣ намуд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед