Ru  | Tj
Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

Нашр шуд

Комиссияи марказӣ ва раъйпурсии Тоҷикистон интихоботро баргузоргардида эълон намуд, барои пайдо нашудани арзу шикоятҳо аз тарафи номзадҳо ва интихобкунандагон.

Аз тарафи Назоратчиёни байналмиллалӣ Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, САҲА, Думаи Русия ва ғ. низ то инҷониб эродҳо гирифта нашудааст.

Ба гуфтаи вакили Думаи Русия, муовини раиси кумитаи Дума оид ба ИДМ Казбек Тайсаев, баъд аз ташриф овардан ба участкаҳои интихоботии шаҳри Душанбе ва берун аз шаҳр шоҳиди он буданд, ки омодагӣ ба ин маъракаи сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмиллаӣ мебошад. Мушкилиҳои ночизи ба миён омада фавран ҳалли худро меёфтанд.

Бахтиёр Худоёрзода дар нишасти матбуоти инчунин хабар дод, ки ҳозиршавӣ ба интихобот зиёда аз 70%-ро дар бар гирифт.

Аввалин натиҷаҳои пешакии интихобот имруз 12 октябр эълон хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки имсол барои курсии сарвари давлат панҷ номзад рақобат карданд: Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалист, Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунист.

Тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ, президент ба мӯҳлати 7 сол интихоб карда мешавад. Ғолиб онест, ки зиёда аз 50% овозҳоро соҳиб мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед