Ru  | Tj
Иштироки театри драмавии ба номи "Маяковский" дар фестивали "Сафари бузург" дар Русия

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Иштироки театри драмавии ба номи "Маяковский" дар фестивали "Сафари бузург" дар Русия
Расм аз Sputnik / Михаил Воскресенский

Иштироки театри драмавии ба номи "Маяковский" дар фестивали "Сафари бузург" дар Русия

Нашр шуд

Фестивали "Сафари бузург"-и (Большие гастроли), ки дар шаҳрҳои Русия баргузор гашта истодааст, театри драмавии ба номи Маяковскии Душанбе низ дар он иштирок намуданд.

Рӯзи 11 ноябр дар шаҳри Киров ифтитоҳи фестивали "Сафари бузург"-и (Большие гастроли) Театри давлатии драмаи русии ба номи В.Маяковский бо намоишномаи "Гамлет" -и Вилям Шекспир, ки онро Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Лауреати Мукофоти давлатии ба номи В. А.Рӯдакӣ, Баҳодура Миралибеков муаррифи намуданд.

Намояндагони театри Маяковский аз сатҳи гузаронидани чорабини ва аз тамошобинон дар ҳайратанд.

Акнун намоши навбати рӯзҳои 14-15 ноябр "Гамлет" ва "Тартюф" -ро дар Йошкар-Ола намоиш медиҳанд.

18 ноябр бошад Маяковитҳо дар Маскав дар дигар чорабинии театрӣ ҷашнвораи дуввумин "театрҳои хориҷии Русия" бо намоишномаи "Гамлет" ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Фестивал аз ҷониби Дирексияи Федералии мусиқӣ ва барномаҳои фестивалии Муассисаи давлатии буҷавии фарҳангии Росконсерт аз номи Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия ташкил карда мешавад.

Пешгуии сардиҳои зимистон дар Тоҷикистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед