Ru  | Tj
Кайҳоннавардони Русия барои ширкат дар ҷашнвораи марбут ба 90-солагии Гагарин ба кишварҳои ИДМ омаданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кайҳоннавардони Русия барои ширкат дар ҷашнвораи марбут ба 90-солагии Гагарин ба кишварҳои ИДМ омаданд
Акс: todaykhv.ru

Кайҳоннавардони Русия барои ширкат дар ҷашнвораи марбут ба 90-солагии Гагарин ба кишварҳои ИДМ омаданд

Нашр шуд

Кайҳоннавард Пётр Дубров ба Тоҷикистон,  Сергей Корсаков ба Бишкек ва Арутюн Кивирян ба Арманистон омаданд.

Кайҳонавардони рус барои иштирок дар Ҷашнвораи байнулмилалии илмиву таълимии «Ю.А.Гагарин — қаҳрамони замони мо» ба Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон омаданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя созмондиҳандагони ин маърака хабар дод.

Кайҳоннавард Пётр Дубров ба Тоҷикистон омада, аз мактаби русиву тоҷикии Гагарин дар Душанбе боздид карда, ба донишомӯзону омӯзгорон аз таҷрибаи худ барои парвоз ба кайҳон суҳбат кард.

Ҳамчунин имрӯз, соати 16:30 дар маркази савдои "Сиёма Молл" дар Душанбе мулоқоти кайҳоннаварди рус Пётр Дубров бо алоқамандони фазошиносӣ баргузор мешавад. Ин маърака бо намоиши филми мустанади «Таърихчаи кайҳоннавард шудани ман» оғоз шуда, пас аз он мулоқоти кайҳоннавард Пётр Дубров бо ҳамаи алоқамандони мавзуи парвозҳои кайҳонӣ сурат мегирад.

Бояд гуфт, ки рӯзи 19-уми апрел дар Китобхонаи раёсат ҷумҳурии Б. Елсин дар Маскав ҷашнвораи байналмилалии илмиву омузишӣ таҳти унвони "Ю.А. Гагарин - қаҳрамони замони мо" ба муносибати гиромидошти 90-солагии аввалин кайҳоннаварди ҷаҳон Ю.А. Гагарин баргузор мешавад. Дар кори ин ҷашнвора қайҳоннавардони «Роскосмос», ки дар Душанбе, Бишкек ва Ереван қарор доранд, ба сурати бархат (онлайн) ширкат хоҳанд кард.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед