Ru  | Tj
«Хуҷандводоканал»: Интиқоли оби нӯшокӣ баъди рафъи садама аз сар гирифта мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

«Хуҷандводоканал»: Интиқоли оби нӯшокӣ баъди рафъи садама аз сар гирифта мешавад
Акс: sugdnews.com

«Хуҷандводоканал»: Интиқоли оби нӯшокӣ баъди рафъи садама аз сар гирифта мешавад

Нашр шуд

Дар натиҷаи садама дар ду пойгоҳи обрасонии Хуҷанд таъминоти сокинони аксари маҳалаҳои маркази вилояти Суғд бо мушкилот мувоҷеҳ шуд.

Тибқи иттилои хабаргузории «Суғднюз»,  дар робита ба рафъи пайомадҳои садама дар иншооти обрасонии «4, 4а» интиқоли оби нӯшокӣ дар шаҳракҳои алоҳидаи маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд муваққатан қатъ карда шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории Хуҷанд, рӯзи 1-уми июн бар асари садама дар иншооти обрасонии «4, 4а» дар маҳалаҳои соҳили рост – 18, 19 , 13, 12, 8, 1, 2, 4, 5, 14, 15 ва маҳаллаи «80-солагии Душанбе» интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ карда шуд.

Дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд ҳамчунин акси рафъи оқибатҳои садама дар иншоотро нашр кардааст.

Манбаъ таъкид мекунад, ки пас аз анҷоми корҳои барқарорсозӣ дар иншооти зикршуда интиқоли оби ошомиданӣ ба аҳолии ин ноҳияҳои шаҳри Хуҷанд аз сар гирифта мешавад.

Бояд гуфт, ки шаҳри Хуҷанд маркази маъмурии вилояти Суғди Тоҷикистон буда, беш аз 170 ҳазор аҳолӣ дорад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед