Ru  | Tj
Хушкмева ва асали Тоҷикистон ба Фаронса содир карда мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Хушкмева ва асали Тоҷикистон ба Фаронса содир карда мешавад
Акс: UN News

Хушкмева ва асали Тоҷикистон ба Фаронса содир карда мешавад

Нашр шуд

Ин нукта дар мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкор аз кишвари Фаронса Патрик Хоффман гуфта шудааст.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки ҷонибҳо зимни гуфтугӯ оид ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули афкор анҷом додаанд.

Таъкид мегардад, ки Раҷаббой Аҳмадзода ба тоҷири фаронсавӣ дар бораи вазъи саноатию кишоварзии вилоят маълумот дода, аз ҷумла қайд кардааст, ки вилояти Суғд ба давлатҳои хориҷи дуру наздик маҳсулоти кишоварзиро содирот мекунад.

Ӯ шарҳ додааст, ки давоми 3 моҳи соли 2022 вилояти Суғд ба маблағи 257 миллион доллар маҳсулот содир кардааст, ки як қисми он хушкмева будааст.

Дар навбати худ Патрик Хоффман пешниҳоди ҳамкорӣ намуда, барои содир намудани хушкмева ва асал изҳори омодагӣ кардааст.

Зимнан, ҷонибҳо перомуни тарҳҳои наву муштарак мубодилаи афкор карда, барои густариш додани робитаҳо изҳори ҳавасмандӣ намудаанд.

Қобили қайд аст, моҳи марти соли 2022 Президенти Фаронса ҳангоми ирсоли барқияи шодбошӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, ба муносибати барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳо, гуфта буд, ки Фаронса барои боз кардани иртиботи ҳавоӣ бо Тоҷикистон омода аст.


Тоҷикистон соли гузашта 208 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кардааст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед