Ru  | Tj
Кобулов ва Муттақӣ нишасти ояндаи Давҳаро барои Афғонистон баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кобулов ва Муттақӣ нишасти ояндаи Давҳаро барои Афғонистон баррасӣ карданд
Акс: аз манбаъҳои боз

Кобулов ва Муттақӣ нишасти ояндаи Давҳаро барои Афғонистон баррасӣ карданд

Нашр шуд

Дар Кобул мулоқоти Замир Кобулов ва Амирхон Муттақӣ сурат гирифта, ду ҷониб масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байнулмилалиро матраҳ карданд.

Вазорати хориҷаи Толибон* мегӯяд, Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон ва Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи ин гурӯҳ, нишасти ояндаи намояндагони вижаи ин кишварҳо дар умури Афғонистонро, ки дар мизбонии Созмони Милал баргузор мешавад, баррасӣ кардаанд.

Ҳофиз Зиё Аҳмад, муовини сухангӯйи вазорати хориҷаи Толибон, дар  расонаи иҷтимоъии X изҳорот нашр кард ва гуфт, ки намояндаи вижаи Русия 23-юми апрел дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ мулоқот кард ва нишасти дарпешистодаи Давҳаро дар миён гузошт.

Бар асоси эъломи вазорати хориҷаи Толибон, Замир Кобулов дар ин мулоқот гуфт, ки барои Созмони Милали Муттаҳид тавофуқ бо Толибон барои баргузории нишасти ояндаи Давҳа муҳим аст ва бидуни тавофуқи ин гурӯҳ ин нишастҳо натиҷае намебахшанд.

Вaзорати хориҷаи Толибон гуфтааст,  Кобулов таъкид кардааст, ки барои ҳар нишасти байнулмилалӣ дар мавриди Афғонистон ризояти ин гурӯҳ бояд гирифта шавад.

Дар эъломияи вазорат аз қавли намояндаи вижаи Русия омадааст: "Кишварҳои ҷаҳон ба ҷойи созукор (механизм)-ҳои тамоси чандҷониба, бояд равобити худро бо ҳукумати Афғонистон (Толибон) тавассути созукорҳои дуҷониба нигоҳ доранд".

Ҳанӯз маълум нест, ки нишасти севуми намояндагони вижаи кишварҳо дар умури Афғонистон кай бо мизбонии дабири кулли Созмони Милал дар Давҳа баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки намояндагони Толибон дар нишасти қаблии Давҳа ширкат накарданд ва сабаби онро пазируфта нашудани талабҳояшон аз сӯйи СММ унвон карданд.

Аз замоне ки Толибон дар Афғонистон назорати дубора ба даст оварданд, Русия бо ин гурӯҳ ҳамкориҳои густарда дорад.

Имсол ин кишвар бо ҳузури вазири хориҷаи Толибон дар шаҳри Қазон нишасти "формати Маскав" баргузор кард.

Аммо Русия то ҳол ҳукумати муваққати Толибонро эътироф накардааст ва намояндаи вижаи ин кишвар борҳо ба таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон таъкид кардааст.


*Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнуъ аст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед