Ru  | Tj
Корхонаи нафт кай ба кор оғоз мекунад?

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Корхонаи нафт кай ба кор оғоз мекунад?

Корхонаи нафт кай ба кор оғоз мекунад?

Нашр шуд

Муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлатали Саид дар ҷаласаи Шурои “Шарикии давлат бо бахши хусусӣ” оиди корхонаи коркарди нафт дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”, ки ҳануз ифтитоҳ нашудааст, изҳори нигарони намуд. 

Бояд  қайд кард,  ки ҳамаи  инфрасохтори лозима барои фаъолияти корхонаи мазкур сохта шудааст ва оиди ин масъала низ Муовини аввали сарвазир Давлатали Саид ишора намуд.

Корхонаи чинии «TK-oil», бо иқтидори тарроҳии 1,2 миллион тонна нафт дар як сол аз ҷониби ширкати чинии Dong Ying heli Investment and Development сохта шудааст, ки он як ширкати фаръии Ширкати миллии нафти Чин (CNPC) мебошад, соли 2018 бояд ифтитоҳ мегардид.

Аммо то ҳануз корро оғоз накардааст, аз сабабе, ки то имруз истеъмолкунандаи моли худро наёфтааст барои ҳамин оиди хариди ашёъи хом шартнома бо ширкатҳо набастааст.

Маъмурияти МОИ қайд кард, ки гуфтушунидҳо дар бораи таъмини ашёи хом бо ширкатҳои Эрон, Қазоқистон ва Русия идома доранд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед