Ru  | Tj
Коронавирус ба кӯдакон гузашт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Коронавирус ба кӯдакон гузашт

Коронавирус ба кӯдакон гузашт

Нашр шуд

Тибқи гуфтаҳои манбаъи аз Вазоратӣ тандурустӣ, дар Тоҷикистон кӯдакон ҳам гирифтори бемории коронавирус шудаанд, аммо ҳолати гирифтории кӯдакон бе марг ба қайд гирифта нашудааст. Бовар кунонданд, ки овозаҳо дар бораи зиёд будани кӯдакони бемор дар Беморхонаҳо асос надоранд. 

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки кӯдакон одатан ин бемориро нисбат ба калонссолон сабуктар аз сар мегузаронанд. Агар волидайн аломатҳои  (таъби баланд ва диарея) Covid-19-ро дар фарзанди худ мушоҳида карданд, ё ин ки агар ба беморон наздикӣ карда бошанд, онҳо бояд ҳатман аз ташхис гузаранд.

Шумораи сироятшудагон то субҳи 25 сентябр ба 52 нафар афзуда дар ҷумҳурӣ 9 ҳазору 520 нафарро ташкил дод. Дар ин муддат  ҳолати марг дигар ба қайд гирифта нашудааст. Дар умум 8 ҳазору 296 нафар то имруз пурра аз сар гузаронданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед