Ru  | Tj
Коронавирус дар Тоҷикистон: боз 44 нафар мубтало шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Коронавирус дар Тоҷикистон: боз 44 нафар мубтало шуданд

Коронавирус дар Тоҷикистон: боз 44 нафар мубтало шуданд

Нашр шуд

То субҳи 23 сентябр шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 9432 нафар дар маҷмуъ расидааст. Шоми гузашта шумораи сироятшудагон ба 44 нафар афзуд. 8199 нафар пурра шифо ёфта 1160 нафар зери назорати мутахассисон қарор доранд. Шумораи қурбониён бетағйир монд (73). Бори аввал Тоҷикистон мубталои коронавирусро 30 апрели соли 2020 ба қайд гирифт.  

Ҳамзамон дар Аврупо мавҷи дуюми коронавирус авҷ гирифта истодааст ва Ҳукумати Британия боз маҳдудиятҳоро ҷори кард. Дар маросими туй на зиёда аз 15 нафар ва дар маросими дафн бошад на зиёда аз 30 нафар. Ба ғайр аз ин барои вайрон намудани маҳдудиятҳои муқарраршуда ҷаримаҳо ба маблағӣ аз 100£ то 200£ пешбини шудааст. 

Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс, шумораи шахсони мубталои сирояти коронавирусӣ субҳи 23 сентябр аз 31,2 миллион гузаштааст, ки беш аз 963 ҳазор нафарашон ҷон бохтанд ва зиёда аз 21 млн. сиҳат шуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед