Ru  | Tj
Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода: Дар мавсими оббозӣ кӯдаконро беназорат нагузоред

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода: Дар мавсими оббозӣ кӯдаконро беназорат нагузоред
Акс: Интернет

Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода: Дар мавсими оббозӣ кӯдаконро беназорат нагузоред

Нашр шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо назардошти оғози мавсими оббозӣ дар ин кишвар аз тамоми шаҳрвандон, бахусус волидон даъват кард, то фарзандони худро беназорат нагузоранд.

Хабаргузории расмии «Ховар» бо такя ба маълумоти ин ниҳод менависад, ки надонистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя накардани онҳо метавонад боиси пайомадҳои фоҷеабор шавад.

Дар ин замина мутахассисон мегӯянд, ки дар ҳарорати аз +20 дараҷа пасттари об дар он оббозӣ кардан тавсия дода намешавад, зеро ногаҳон аз ҳуш рафтан ва ҳатто аз сабаби хунукӣ ба ҳалокат расидан имкон дорад.

Ба таъкиди КҲФ Тоҷикистон, қоидаҳои оббозӣ муқаррар менамоянд, ки бори аввал бояд дар ҳавои офтобии бешамол дар ҳолати ҳарорати ҳаво 20-23 дараҷа гарм ва ҳарорати об 17-19 дараҷа гарм будан оббозӣ намудан мумкин аст.

Дар баробари ин гуфта мешавад, ки дар ҳолати асабоният набояд нияти оббозӣ кард ва аз ҷойҳои нишонгузоришуда дур рафтан тавсия дода намешавад. Ҳамчунин дар ҷойҳое, ки нишонаи мамнуъ аз оббозӣ дар онҳо овехта шудааст набояд шиноварӣ кард, чун хатари ғарқшавӣ ниҳоят баланд аст.

Ҳамзамон дар рӯдхонаҳои кӯчак, кӯлҳо ва маконҳои номаълум ба об паридан ниҳоят хатарнок аст, зеро хавфи бархӯрди сар ба сангҳо ва дигар ашёи қаъри об вуҷуд дорад, ки боиси шикастани гардан, аз ҳуш рафтан ва ё фавт шуда метавонад.

Ин манбаъ бо такя ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон навиштааст, ки аз аввали соли равон дар натиҷаи риоя нашудани қоидаҳои шиноварӣ дар Тоҷикистон 35 тан ғарқ шуданд, ки аз ин 23 нафар кӯдак ва навраси то синни 16- сола мебошад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед