Ru  | Tj
Лавров бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Лавров бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд
Фото: Сергей Гунеев / РИА Новости

Лавров бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

Нашр шуд

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзҳои 5-6 июн бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуда, дар Душанбе бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷа ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дидору мулоқот хоҳад кард. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Русия иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи ин манбаъ, Сергей Лавров дар ҷараёни мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон дурнамои рушди минбаъда миёни Маскав ва Душанбе дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитариро баррасӣ намуда, инчунин дар робита ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дар рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар мекунад.

«Таваҷҷуҳи хоса ба таҳкими минбаъдаи ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷии Русия ва Тоҷикистон дар пойгоҳҳои асосии ҳамкориҳои бисёрҷониба, аз ҷумла СПАД, ИДМ, СҲШ, инчунин СММ ва САҲА дода мешавад», - зикр мегардад дар хабарномаи Вазорати хориҷаи Русия.

Дар баробари ин гуфта мешавад, ки дар ҷараёни ин сафар Сергей Лавров дар мулоқот бо дипломатҳои ҷавон, донишҷӯён, рӯзноманигорон, намояндагони доираҳои коршиносӣ ва илмии Тоҷикистон дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон суханронӣ карда, дар муаррифии маҷмӯаи китобҳои «Адибони классикии рус ва православӣ» иштирок мекунад. Ҳамзамон таъкид мегардад, ки боздиди Лавров аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Русия шарикони роҳбурдӣ маҳсуб шуда, миёни ду кишвар наздики 300 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расидааст.

Ёдовар мешавем, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои аввалин бор ба сурати онлайнӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ширкат ва суханронӣ кард.

Бояд гуфт, ки дар айни замон Русия, Қазоқистон, Беларус, Арманистон ва Қирғизистон узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё буда, Узбакистон дар ин созмон мақоми нозирро дорад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед