Ru  | Tj
Маҳдудиятҳо барои тӯй: на бештар аз 40 нафар

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Маҳдудиятҳо барои тӯй: на бештар аз 40 нафар

Маҳдудиятҳо барои тӯй: на бештар аз 40 нафар

Нашр шуд

Пандемияи коронавирус зиндагии тамоми мардуми дунёро ба тағйир даровард. Агар соли гузашта дар тӯю маъракаҳо мардуми Осиёи Миёна тамоми дустон ва хеш даъват намуда хурсанди мекарданд, имрӯз бинобар сабаби пешгирии бемории Covid-19 як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд. 

Хусусан барои мардуми Тоҷикистону Узбекистон, ки дар маъракаҳои ин ду миллат одатан на кам аз 200 нафар иштирок мекарданд, минбаъд то аз байн нарафтани ин беморӣ ва эҳтиёт намудани саломатии як дигар риоя намудани қоидаҳои гигиениву эпидемиологӣ ва фосилаи иҷтимоӣ аз тарафи Вазоратӣ тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва кумитаи танзими ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки шумораи меҳмонон на зиёда аз 40 нафар бошад. 

Чунин маҳдудиятҳо на танҳо дар Осиёи Марказӣ балки дар Британияи Кабир низ ҷорӣ карда шудааст. Дар маросими тӯй на бештар аз 15 нафар ва дар маросими дафн то 30 нафар иҷозат дода шудааст. Барои вайрон намудани маҳдудиятҳо ҷарима аз 10 то 200 фунт стерлинг барои аз 1 то 6 нафар ва то 10 000 ҳазор фунт барои вайрон намудани реҷаи худмаҳдудкунӣ.

Коронавирус то имрӯз дар ҷаҳон 35 393 800 бемор шуда, 26 619 892 шифо ёфтанд. Қурбоншудагон ба 1 041 780 расид.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед