Ru  | Tj
Мақомоти амниятии Қазоқистон 18 масири байнулмилалии қочоқи маводи мухаддирро аз байн бурданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мақомоти амниятии Қазоқистон 18 масири байнулмилалии қочоқи маводи мухаддирро аз байн бурданд
Акс: "Kazinform"

Мақомоти амниятии Қазоқистон 18 масири байнулмилалии қочоқи маводи мухаддирро аз байн бурданд

Нашр шуд

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар семоҳаи аввали ҷорӣ дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 53 амалиёт, аз ҷумла 16 амалиёти муштарак бо мақомоти кишварҳои хориҷӣ анҷом дод. Дар ин бора «Kazinform» хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин манбаъ, дар натиҷаи ин амалиёт 18 масири байнулмилалӣ ва 9 минтақаии қочоқи  маводи мухаддир ва ҳамчунин фаъолияти 10 коргоҳи махфии тавлиди маводи мухаддирро барҳам заданд.

Дар маҷмуъ, аз муомилот беш аз 800 кг маводи мухаддир ва моддаҳои мадҳушкунанда, 4 тон алафи кӯкнор ва беш аз 10 тон моддаҳои кимиёӣ, ки барои истеҳсоли маводи мухаддири синтетикӣ истифода мешуданд, мусодира карда шуд.

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон алайҳи 72 шаҳрванди қазоқ ва хориҷӣ бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи байнулмилалии маводи мухаддир тафтишоти пешакиро анҷом медиҳад.

Нархи маводи мухаддири мусодирашуда дар “бозори сиёҳ” беш аз 5 милярд танга арзёбӣ мешавад.

Дар баробари ин мақомоти амниятии Қазоқистон дар ду моҳи соли равон шаш коргоҳи тавлиди маводи мухаддирро дар саросари ин кишвар ошкор карда, беш аз аз 280 килограм мухаддароти синтетикиро мусодира карданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед