Ru  | Tj
Маъракаи ҳаётан муҳим

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Маъракаи ҳаётан муҳим

Маъракаи ҳаётан муҳим

Нашр шуд

Маъракаи муҳими сиёсӣ Тоҷикистонро интизор аст, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳамин сабаб дар ҳамаи гушаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар участкаҳои интихоботӣ ташкил карда шудааст.

Имрӯзҳо дар ҳавзаҳои интихоботии ба пурраги барои дар сатҳи баланд гузарондан омодагии ҷидди мебинанд. Дар ҳар гушаю канори Тоҷикистон волонтёрон плакатҳову расмҳо, шиору овезаҳои номзадон насб шуда истодаанд.

Тибқи талаботӣ аз тарафи Кормандони Кумитаи интихобоӣ ва раъйпурсӣ бо аъзоёни Ҳокимияти маҳаллӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамоишҳои бо ҳайати расмӣ бо аҳолии маҳалли дар участкаи интихоботии н.Муъминобод, ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамкории Кумитаи марказии Интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон форуми "Зан ва Интихобот" баҳри таъмини фаъолонаи занҳо дар чорабиниҳои пешазинтихобот баргузор нумуданд.

Донишҷӯёни коллеҷи аграрии шаҳри Бохтар иқдоми "Овози ту ҳалкунанда аст"-ро ба анҷом расонида муҳимияти иштирок дар интихоботро тавассути тақсимӣ варақаҳои таблиғотӣ байни мардум паҳн намуданд.

Хотиррасон менамоем ки Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад ва то имрӯз панҷ номзад аз панҷ ҳизбҳои сиёсии ҷумҳури ба қайд гирифта шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед