Ru  | Tj
Маъракаи таблиғотӣ дар ВМКБ ба фарҷом мерасад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Маъракаи таблиғотӣ дар ВМКБ ба фарҷом мерасад

Маъракаи таблиғотӣ дар ВМКБ ба фарҷом мерасад

Нашр шуд

Номзадҳо аз Ҳизби Аграариву Сотсиалистӣ имрӯзҳо дар вохӯриҳои таблиғотӣ дар Вилояти Бадахшон қарор доранд ва бо интихобкунандагон суҳбатҳо барпо намуда истодаанд. 

Рустам Латифзода, раис ва номзади Ҳизби аграрии Тоҷикистон, оиди сафари пеш аз интихоботи чунин хабар дод, ки аз баргузории сатҳи баланди вохӯриҳо қаноатманд мебошад ва аксари савоҳои ба миён омада аз тарафи сокинони маҳалли оиди сабукиҳо ҷори намудан ба соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Инчунин дигар номзадҳо аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода вохӯриҳои бошукуҳро дар Вилояти Хатлон гузаронида истодаанд. 

Соҳибкорони вилояти Хатлонро саволҳои марбут ба паст шудани фоизи қарзҳоро аз номзадҳо пурсон шуданд ва дар ҷавоб аз Рустам Раҳматзода мавҷуд будани онҳоро дар барномаи пешазинтихоботиро шуниданд. 

То 11 октябр - рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳамагӣ 3 рӯз боқӣ мондааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед