Ru  | Tj
Марзҳои Русия ва Тоҷикистон кай кушода мешаванд?

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Марзҳои Русия ва Тоҷикистон кай кушода мешаванд?

Марзҳои Русия ва Тоҷикистон кай кушода мешаванд?

Нашр шуд

Федератсияи Россия бо қарори комиссияи махсус и ситоди зудамал бо роҳбарии муовини сарвазир Татьяна Голикова аз 21 сентябр боз барои 3 кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон) парвозҳоро иҷозат дод.

Ҷумҳурии Армения бошад ҳануз 21 август барои сайёҳон сарҳади ҳавоиро боз карда буд. Узбекистон низ аз 1 октябр ҳамаи маҳдудиятҳоро мебардорад. Акнун дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дарҳои бо тадриҷ боз мешаванд.

Иҷозати рафтуомад танҳо бо риояӣ ҳамаи талаботҳои муайяншуда бо доштани суғуртаи тиббӣ, супоридани тести реаксияи занҷири полимеразӣ барои коронавирус ва баъд аз пешниҳод намудани натиҷаи маълумотнома барои доштани антитело ба карантини 14 руза дар меҳмонхона ё хона равона хоҳанд шуд.

Амма шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳанӯз бесаброна мунтазири бозшавии сарҳадҳо мебошанд, барои онҳо алҳол ягона роҳи баргашт ба кишвари худ тавассути хатсайрҳои чартери мебошад. Танҳо шаҳрвандони Русия метавонанд ба парвоз ба Федератсияи Русия расанд, шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо метавонанд ба Тоҷикистон баргарданд.

Парвозҳои байналмилалӣ аз охири моҳи марти соли 2020 бинобар пандемияи коронавирус қатъ карда шуданд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед