Ru  | Tj
Мавҷи дуюми Коронавирус дар ҷаҳон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мавҷи дуюми Коронавирус дар ҷаҳон

Мавҷи дуюми Коронавирус дар ҷаҳон

Нашр шуд

Имрӯзҳо тамоми кишварҳои ҷаҳонро аз сабаби фаро расидани сармоҳои тирамоҳи ва пайдо шудани зукому вирусҳои ҷадид безобита кардааст. Авҷ гирифтани Covid-19 ки то ҳол давои онро наёфтаанд имконпазир аст. Ҳукуматдорон аз таҷриба ғании аз сар гузарондаи худ истифода бурда чораҳои пешгириро андешида истодаанд. 

Масъалан дар шаҳри Москва кӯдаконро ба таътили ду ҳафта фиристодан аз сабаби зиёд шудани сироятшудагон. Ҳамарӯза дар Москва зиёда аз ду ҳазор бемор сабт карда мешавад. Дар Тоҷикистон бошад шумораи сироятшудагон нисбат ба тобистон аз 30 то 35 нафар дар як рӯз ба зиёда аз 40 нафар дар моҳҳои сентябр октябр расид. 

Мутахассисони СУТ низ бар он ақидаанд, ки гуфта намешавад оё дар Тоҷикистон мавҷи дуюм шурӯъ шуд ё не? Аз сабабе, ки ин навъи вирус нав пайдо шудааст ва чи гуна бо уро идора кардан лозим касе то имрӯз намедонад. Хуллас, коҳиш ёфтан ё авҷ гирифтани коронавирус аз худи шаҳрвандон низ вобастагии калон дорад ва онҳо бояд пеш аз ҳама саломатии худ ва наздикони худро эҳтиет кунанд.

Аз пандемияи коронавирус то имрӯз 79 нафар дар Точикистон фавтида 10222 нафар сироят шудаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед