Ru  | Tj
Меҳмони олимақом дар хонадони деҳқон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Меҳмони олимақом дар хонадони деҳқон

Меҳмони олимақом дар хонадони деҳқон

Нашр шуд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти сафарӣ кории худ ба вилояти Хатлон меҳмони як оилаи маҳаллии дар Муъминобод, ки ба деҳқонӣ машғуланд, ташриф оварданд.

Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон аз шароити онҳо дидан намуда аз фаъолияти ҳаррузаи онҳо пурсон шудан. Сардори оила Одинаев Абдулфайз ҳамаги 37 садяк замини наздҳавлигиаш тақрибан 1 тонна  картошка  ва 700 кг. помидор мегирад.

Бояд қайд кунем, ки ин нахустин ташрифи Раиси Ҷумҳур ба хонаи шаҳрвандон нест, чун дар сафарҳои қаблии худ низ ин иқдом ба миён омада буд.

Рузи 22 июл дар вақти сафари кории худ ба шаҳри Ҳисор ба хонаи  табиб Талабшо Давлатов ташриф оварданд ва аз ҳолати замини наздиҳавлигии у низ дидани карданд.

Дар рафти сафари кори ба н.Рудаки ба хонаи як сокини маҳаллӣ, оилаи Усмоновҳо ташриф оварда аз самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлигӣ шинос шуданд ва шоҳиди он гаштанд, ки ин оила аз ҳосили тару тозаи худ ҳар сол зиёда аз 700 қутти консерваи зимистона тайёр мекунанд.

Ҳар як оила аз номи Президент бо туҳфаҳо низ сарфароз шуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед