Ru  | Tj
Моҳи интихобот дар минтақа

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Моҳи интихобот дар минтақа

Моҳи интихобот дар минтақа

Нашр шуд

Моҳи октябр дар ду кишвари минтақа, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, интихобот бояд барпо гардад, ки яке аз онҳо интихоботи парлумонӣ дар ҷумҳурии ҳамсоя аллакай барпо гардид, ва акнун навбат ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.

Рузҳои гузашта дар Ҷумҳурии Қирғизистон интихоботи парлумони ба анҷом расид ва тавре Кумитаи Интихоботи Қирғизистон хабар дод, аз 97,5 % участкаҳои интихоби ва ҳамагӣ чор ҳизби сиёсӣ вориди парлумон хоҳанд шуд. Ин ҳизбҳо “Биримдик” бо 24,44 %, “Маконам Қирғизистон” 23,95%, “Қирғизистон” 8,78 ва “Қирғизистони ягона” 7,09% овоз гирифтанд.

Охири ҳафтаи ҷорӣ бошад 11 октябр ҳамаи участкаҳои интихоботии Тоҷикистон низ дарҳои худро барои интихобкунандагон боз хоҳанд кард.

Ҳамаи участкаҳои интихоботии Тоҷикистон бо лавозимотҳои гигиени аз қабили маҳлулҳои антисептики, ниқобҳо, дастпушҳо ва ҳароратсанҷак таъмин шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед