Ru  | Tj
Муомила бо мисл. Тоҷикистон барои шаҳрвандони Туркия раводид ҷорӣ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муомила бо мисл. Тоҷикистон барои шаҳрвандони Туркия раводид ҷорӣ кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Муомила бо мисл. Тоҷикистон барои шаҳрвандони Туркия раводид ҷорӣ кард

Нашр шуд

Давлати Тоҷикистон дар як иқдоми мутақобил барои дорандагони шиносномаҳои шаҳрвандии хориҷии Туркия низоми раводид ҷорӣ намуд. Дар ин бора хабаргузории расмии "Ховар" иттилоъ медиҳад.
 
Тибқи иттилоъи ин манбаъ, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дорандагони шиносномаҳои шаҳрвандии хориҷии Туркия аз рӯзи 20-уми апрел низоми раводид татбиқ мекунад.
 
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки бо қарори Ҳукумати ин кишвар аз 28-уми марти соли равон бо мақсади татбиқи усули муомила ба мисл аз 20-уми апрели соли 2024 низоми раводидӣ нисбат ба дорандагони шиносномаҳои шаҳрвандии хориҷии Туркия татбиқ мегардад.
 
Гуфта мешавад, ки шаҳрвандони Туркия метавонанд раводиди Тоҷикистонро аз сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷа дарёфт кунанд.
 
Хотиррасон мекунем, ки рӯзномаи расмии ҳукумати Туркия рӯзи 5-уми апрел фармони раисҷумҳури ин кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғонро нашр кард, ки дар он аз бекор кардани низоми раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон дорои шиносномаҳои одии хориҷӣ зикр мешавад.
 
Тибқи ин фармон, низоми раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2024 аз ҷониби Туркия ҷорӣ мешавад.
 
Дар ҳамин ҳол сафорати Туркия дар Душанбе зимни тавзеҳи ин фармон гуфтааст, ки сафарҳои транзитӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути Туркия тариқи фурудгоҳҳо бидуни раводид боқӣ хоҳанд монд.
 
Тибқи иттилоъи расмӣ соли гузашта Туркия миёни кишварҳое, ки шаҳрвандонашон аз ҳама бештар ба Тоҷикистон сафар кардаанд, дар ҷойи панҷум қарор гирифт.  Дар соли 2023 10,8 ҳазор нафар шаҳрванди Туркия аз Тоҷикистон боздид кардаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед